28 November 2025

Ҷаласаи навбатии Сарраёсат

  28 ноябри соли равон  маҷлиси навбатӣ бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ва сардорони шуъбаҳои назоратии сарраёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор  гардид. Дар ҷаласа  натиҷагирии фаъолият дар 11 моҳи соли равон  дар  муқоиса бо соли 2024 ва дигар масъалаҳои  ҷорӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Сардори Сарраёсат Холзода Сухроб Хол аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳо оид ба самтҳои фаъолияташон пурсиш ба амал оварда,  баҳри бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта  то ҷамъбасти фаъолоти солона  супоришҳо дод. Ҳамзамон  баҳри  пурзӯр намудани фаъолияти нозирӣ, назорати шинонидани ниҳолҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ, риояи интизоми меҳнат, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ  вазифагузорӣ карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.