27 November 2025

Мизи мудаввар оид ба Конвенсияи Орхус

  Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мизи мудаввар доир ба мавзӯъи «Татбиқи ҳадафи сеюми Конвенсияи Орхус – дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Мизи мудаввари мазкур дар натиҷаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо ТҶ«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мусоидати шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба амал омада, дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои вилоятию шаҳрии мақомоти суд ва прокуратура, Раёсати адлия, шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҳифзи ҳуқуқиинсон машғул, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Воқеан,Конвенсияи Орхус 25 июни соли 1998 дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷӣ «Муҳити зист барои Аврупо» дар шаҳри Орхуси кишвари Дания қабул гардида, дар умум оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист бахшида шудааст.

Читать далее

Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон

  Бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, дар асоси нақшаи корӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара сокини  шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркўҳ Ҳаёзода М. боздошт гардид, ки бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон саъба машғул буд. Бо ин кирдор қонуншикан талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро  вайрон намуд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Саъба яке аз парандаҳои хушхон ва писандидаи дўстдорони табиат буда, ҳарчанд ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил нагардидааст, аммо парандаи муқими нодирест, ки онро барои зебогиаш шикор намуда дар қафас нигоҳ медоранд. Ин амали инсонҳо метавонад минбаъд сабаби кам гардидани ин парандаи хушхон дар Тоҷикистон гардад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.