November 2025
11 November 2025
Ҷаласаи навбатии назди сардори сарраёсат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
1
0 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назди сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи корҳои иҷрогардида дар ҳафтаи сипаришуда мавриди таҳлил қарор гирифта, ба сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва дигар кормандони масъул вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо, ситонидани маблағҳои ҷаримаву зарари муқарраргардида, иҷрои босифати барномаҳои давлативу соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуд. Ҳамзамон рафти ҷаласа корманди ботаҷрибаи соҳа Шораҳматов Шорозиқ дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Роҳбарияти сарраёсат ба Шораҳматов Шорозиқ барои хизматҳои софдилонаю содиқона дар тайи солҳои зиёд миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ў бо таҷрибаи бойи андўхтаи худ ба кормандони ҷавони мақомот роҳнамо хоҳад шуд.
Таъсири сўзонидани хазон ба муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ф
асли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи муҳити зист сўзонидани хазон ва партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ин самт корбариро пурзўр намуда, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои сўзонидани хазон ва партовҳо дар миқёси вилоят 735 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд. Қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафар-обод, Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва Шаҳристон нисбатан зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Амалиётҳои назорати давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
С
арраёсати ҳифзи муҳити зист мақомоти назоратӣ буда, татбиқ ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист" -ро таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Ҳамзамон тибқи банди 1-и моддаи 39 қонуни мазкур иҷрои корҳои омодасозӣ дар маҳал, сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст. Чунончи ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва аз назаргузаронии иншоотҳои ҷашнии сохта ба истифода дода шуда, маълум гардид, ки дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бе гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ иншооти ёрирасони иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки бар хилофи талаботҳои қонун мебошад. Аз тарафи мутахассисони сарраёсат нисбати шахсони масъули муассиса протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
05 November 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати 31-солагии рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як воқеаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гардид. Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Конститутсия қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар амалӣ гардидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдории бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ба ифтихори 31-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корман-дону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дустдорони табиатро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
ахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б.А. зимни баромад кормандони соҳаро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику тахният гуфта, кайд намуд, ки бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Бо назардошти меъёрҳои инсондўстона ва фарогирии манфиатҳои олии миллату давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дошта, хамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд азизу муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон кормандони соҳа баромад намуда, изҳор карданд, ки минбаъд низ ҷихати бо ҳисси масъулиятшиносиву ватанпарастӣ иҷро намудани талаботҳои қонунгузории мамлакат ва иҷрои вазифаҳои масъулиятноки давлати фаъолиятро боз ҳам ҷоннок менамоянд.
04 November 2025
Экоплоггинг дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Р
ӯзи 2 ноябр 33 нафар иштирокчиён дар шанбегӣ- экоплоггингдар гирду атрофи Боғи ботаникии Хуҷанд ширкат карданд. Ин ташаббуси дӯстдорони давидан @Dav.tj ва волонтёрони экологӣ @Ecoproaсtive дар асл ба чорабинии ғамхорӣ ба табиат табдил ёфт. Экоплоггинг - фаъолиятест, ки дар Шветсия оѓоз гардида, давиданро бо ҷамъоварии партовњо мутаҳҳид месозад ва ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Дар давоми 3 соат иштирокчиён зиёда аз 800 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуданд. Воқеан дар аксия варзишгарону фаъолон бо фарзандони худ ҳамроҳ шуданд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бештар намудани ҳисси ватандўстиву ғамхорӣ нисбат ба табиат мусоидат менамояд. Чорабиниро викторинаи экологӣ байни иштирокчиён, тақдими тӯҳфаҳо ва шириниҳо басо хотирмон намуд. Бори дигар исбот гардид, ки ғамхорӣ ба худ ва саломатии инсон - ин ғамхорӣ ба муҳити зист маҳсуб меёбад.
Баргузории озмуни «Тирамоҳи заррин» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом бахшида ба Иди «Меҳргон» ва ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши омӯзиши табиати диёр, озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки озмуни мазкур давоми моҳҳои сентябр ва октябр дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври шоиста ва дар сатҳи мунир баргузор гардида, беш аз 50 ҳазор дӯстдорони табиатро ба ҳам овард. Зиёда аз 13 сол шудааст, ки аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳитизист дар вилояти Суғд озмуни мазкур гузаронида мешавад ва соли ҷорӣ дар даври вилоятӣ беш аз 350 нафар ғолибони даври аввал аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.


