07 April 2025

Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳаво -шиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо  доир гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи таҳлилӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, фаъолияти мақомотро каноатбахш арзёбӣ намуд. Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло зимни баромад ҷиҳати иҷро ва назорати Барномаи давлатии кабудизоркунӣ, назорати ҳолати экологии партовгоҳҳо, беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод. Дар интиҳо барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум  сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони сарраёсат бо Сипоснома  қадрдонӣ карда шуданд.

Читать далее

Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи  Маҷмааи  Умумии Созмони  Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо»  дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Муҳофизати пирьяхҳо кафолати таъмини рушди устувори экологӣ»озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо  (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.