March 2025
27 March 2025
Конфронси илмию адабӣ бахшида ба 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи корӣ, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба 21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ҷамоати деҳоти Оббурдон дар ноҳияи Мастчоҳ конфронси илмию адабӣ гузаронида шуд. Конференсия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ, намояндаи шуъбаи маориф, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорону хонандагон доир гардид. Хонандагони муассиса доир ба ташабусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамасола таҷлил шудани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об баромадҳо намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ иштирокчиёни фаъоли чорабиниро бо тӯҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Семинари омӯзишӣ бахшида ба 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади иҷрои мактуби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2025 сол, № 1/19-01-214 доир ба гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо бахшида ба 21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 семинари омӯзишӣ байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз он ҷумла масъалаи об ва ҳифзи пирьяхҳо , ки нақши хеле муҳим дорад баромадҳо намуданд. Омӯзгорони муассиса низ баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотиро саривақтӣ арзёбӣ намуданд, ки ин барои ҳидоят намудани насли наврас ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва арҷ гузоштан ба табиати биҳиштосои кишварамон ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат менамояд.
Семинари омӯзишӣ бахшида ба 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Legislation
Бо мақсади иҷрои мактуби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2025 сол, № 1/19-01-214 доир ба гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо бахшида ба 21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 семинари омӯзишӣ байни хонандагони синфҳои 9 гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз он ҷумла масъалаи об ва ҳифзи пирьяхҳо, ки нақши хеле муҳим дорад баромадҳо намуданд. Омӯзгорони муассиса низ баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотиро саривақтӣ арзёбӣ намуданд, ки ин барои ҳидоят намудани насли наврас ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва арҷ гузоштан ба табиати биҳиштосои кишварамон ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат менамояд.
Мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳифзи пирьяхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ба ифтихори эълони санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии № 24 бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин” баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ҳадафи ташкилу баргузории онро ба ҳозирин шарҳ дода, ҳамчунин иштирокдоронро ба муносибати санаҳои муҳими ҷашнӣ табрику муборакбод намуд. Устодону хонандагони муассиса дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти обу иқлим”, “Вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии обшавии онҳо” ва “Паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар водии Фарғона” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва маълумотҳои ҷолиб дар назди ҳозирин баромад карданд.
Баргузории вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об ду вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкил карда шуд. Вохӯриҳо бо омӯзгорону хонандагон, аз он ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва №26 ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов доир гардида, ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маълумот дар бораи ин санаҳои муҳими экологӣ, муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, парандаи сол ва дигар маълумот вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Дар интиҳои ҳар як вохӯрӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии мазкур як ададӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.
Конференсия бахшида ба 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили санаҳои 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об конференсияи минтақавии ҳавзавии Сирдарё барпо гардид. Пеш аз оғози конференсия дар толори даромадгоҳи меҳмонхона намоиш - озмуни расмҳои бачагонаи тарбиятгирандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пиряхҳо ва об — сарвати табиатро барои оянда нигоҳ дорем» ба амал омада, ғолибон ва иштирокчиёни намоиш – озмун бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, менеҷери Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, Котиботи байналмилалӣ оид ба об, сохторҳои давлатии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, кишоварзӣ, маориф, Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Маркази обуҳавосанҷӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, шӯроҳои хурди ҳавзавии дарёҳои Исфана ва Оқсу, идораи «Хуҷандобуканал», Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва «Зан ва ҷомеа», ташкилоти байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, олимони донишгоҳҳо, коршиносон, васоити ахбори омма ва дигар шахсони тарафҳои манфиатдор аз вилоят, инчунин собиқ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват иштирок ва баромад намуданд.
20 March 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 15 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид.
19 March 2025
Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ, тибқи нақшаи корӣ аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат воқеъ дар ҳудуди обанбори Баҳри Тоҷик минтақаи Борисовка, сокини ҷамоати деҳоти Ёва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодиров Г. ҳангоми сайди моҳӣ бо шасти барқӣ (электроудочка) боздошт карда шуд. Қонуншикан бо истифода аз заврақ ва истифодаи олоти манъшудаи сайди моҳӣ шасти барқӣ (электроудочка) 127 сар моҳиҳои намуди зағорамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, мормоҳӣ, суфмоҳиро сайд намуд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 95250 сомониро ташкил дод. Нисбати қонуншикан мавод тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҷиноӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд.
12 March 2025
Фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар соли 2024 натиҷабардорӣ гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 11 марти соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2024 таҳтираёсати муовини Раиси вилоят, раиси комиссия Файзулло Қосимӣ ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия баргузор гардид. Муовини Раиси вилоят ба ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзнома шинос кард. Ҳамчунин қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, алалхусус баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатии вилоятию маҳаллӣ ва ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои ҳамарӯзаи заруриро талаб менамояд. Вобаста ба масъалаи рӯзнома маърӯзаи муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳитизистдарвилояти Суғд Абдумаликзода Б. ба таври муфассал шунида шуд. Инчунин, дар робита ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа аъзоёни комиссия – намояндагони Раёсатҳои маориф, шуъбаи энергетика ва саноат, хоҷагии ҷангали вилоят, раисони Комиссияҳои байниидоравии минтақавии дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Гулистон, Мастчоҳ, Зафаробод ва Хуҷанд ҳисобот доданд.
07 March 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март- Рӯзи Модар
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо самимияти афзунҳамаи модарон, собиқадорони соҳа, бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рўзи Модар табрику таҳният мегўяд. Дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ мардуми шарафманди мо Рўзи Модарро ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Бигзор модарону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо шарафманду соҳибиқбол бошанд. Бо чунин муҳаббати самимӣ ба Шумоён саодати рӯзгор, хушбахтиву хушрўзӣ, сарбаландиву хонаободӣ, дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои беназир ва рӯзгори обод таманно дорам. Фархундаву поянда бод Рӯзи Модар!