23 September 2023
Корҳои ташвиқотӣ- тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, оид ба мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидан ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 24 декабри соли 2022 қабул гардидааст, дар Маркази саломатӣ ва Литсейи касбӣ техникии шаҳри Истиқлол вохӯрии тарғиботӣ -ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода М., сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода А. иштирок доштанд. Рафти вохӯрӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ. доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баромад намуда, иброз намуд, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳори назар менамоянд.