Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист дар кишвари мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳит, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Боиси таъкид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
Баргузории амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят
Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Масчоҳ ва Зафаробод 12 маротиба амалиёти "Ҳавои тоза" гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 228 адад воситаҳои нақлиёт санҷида шуда, нисбати 23 адад ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Тибқи нақша дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронидани амалиёти “Ҳавои тоза” дар назар аст.
Чорабинии иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаи экологӣ, 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки «Клуби экологӣ» дар назди кафедраи экологияи донишкадаи мазкур аз ҳисоби олимону устодон ва донишҷӯён ташкил гардида, даҳсолаи ахир бо мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамкории зич дорад. Ҳарсол дар баргузории аксияҳои экологӣ, мизи мудаввару семинарҳо ва вохӯриҳо, хусусан дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аъзоёни «Клуби экологӣ» фаъолона иштирок менамоянд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ аввалин вохӯрии иттилоотӣ дар соли ҷорӣ, дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон гузаронида шуд.
22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ
Дар даҳсолаҳои ахир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конференсияи СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда, ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабарии он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конференсияҳои байналмиллалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам чорабиниҳои гуногуни сатҳӣ байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон омилҳои таъсиррасон ба олами гуногуни биологӣ ба назар мерасад.