Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2025
Фарорасии соли нави 2025-ро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро сидқан шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад. Соли нави милодӣ муборак!
Чорабинии ҷамъбастӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, дар толори донишкадаи мазкур мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд,устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, олимону устодон ва донишљӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳии ноибректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.г-м., профессор Насриддинов З.З., тариқи онлайн директори КВД «Табиат»-и дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов А. ва сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., оид ба се мавзӯъи асосии мизи мудаввар презентатсия ва маълумоти муфассал ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд.
Академияи зимистонаи «Ҳаво» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид
Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Академияи зимистонаи «Ҳаво»» баргузор гардид. Академияи зимистонаи «Ҳаво»/ «Havo» WinterAcademy ин лагери омӯзишии 5-руза буда, ба мавзӯи мутобиқшавӣ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати хавои атмосфера, инчунин таъсири ифлосшавии ҳаво ба иқлиму саломатии инсон ва чораҳои пешгирии он нигаронида шуд. Иштирокчиёни академия 20 нафар мутахассисон, олимон ва аспирантони ҷавон, намояндагони ВАО, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол мебошанд, ки дар асоси озмун интхоб карда шудаанд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён таъсири сифати ҳаворо ҳамчун яке аз омилҳои калидии тағйирёбии иқлим омӯхта, бо усулҳои муосири мониторинг шинос шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои самарабахши рушди устувор маълумоту донишҳои зарурӣ гирифтанд.
Дуғдоғ - парандаи соли 2025
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Ба озмун даҳ паранда, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд. Аз байни даҳ номгӯй дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шуд. Дуғдоғ парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.
Страница 11 из 311