Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об ду вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкил карда шуд. Вохӯриҳо бо омӯзгорону хонандагон, аз он ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва №26 ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов доир гардида, ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маълумот дар бораи ин санаҳои муҳими экологӣ, муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, парандаи сол ва дигар маълумот вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Дар интиҳои ҳар як вохӯрӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии мазкур як ададӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.
Конференсия бахшида ба 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об
Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили санаҳои 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об конференсияи минтақавии ҳавзавии Сирдарё барпо гардид. Пеш аз оғози конференсия дар толори даромадгоҳи меҳмонхона намоиш - озмуни расмҳои бачагонаи тарбиятгирандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пиряхҳо ва об — сарвати табиатро барои оянда нигоҳ дорем» ба амал омада, ғолибон ва иштирокчиёни намоиш – озмун бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, менеҷери Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, Котиботи байналмилалӣ оид ба об, сохторҳои давлатии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, кишоварзӣ, маориф, Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Маркази обуҳавосанҷӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, шӯроҳои хурди ҳавзавии дарёҳои Исфана ва Оқсу, идораи «Хуҷандобуканал», Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва «Зан ва ҷомеа», ташкилоти байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, олимони донишгоҳҳо, коршиносон, васоити ахбори омма ва дигар шахсони тарафҳои манфиатдор аз вилоят, инчунин собиқ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват иштирок ва баромад намуданд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ
Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 15 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид.
Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ, тибқи нақшаи корӣ аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат воқеъ дар ҳудуди обанбори Баҳри Тоҷик минтақаи Борисовка, сокини ҷамоати деҳоти Ёва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодиров Г. ҳангоми сайди моҳӣ бо шасти барқӣ (электроудочка) боздошт карда шуд. Қонуншикан бо истифода аз заврақ ва истифодаи олоти манъшудаи сайди моҳӣ шасти барқӣ (электроудочка) 127 сар моҳиҳои намуди зағорамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, мормоҳӣ, суфмоҳиро сайд намуд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 95250 сомониро ташкил дод. Нисбати қонуншикан мавод тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҷиноӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд.
Фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар соли 2024 натиҷабардорӣ гардид
Санаи 11 марти соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2024 таҳтираёсати муовини Раиси вилоят, раиси комиссия Файзулло Қосимӣ ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия баргузор гардид. Муовини Раиси вилоят ба ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзнома шинос кард. Ҳамчунин қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, алалхусус баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатии вилоятию маҳаллӣ ва ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои ҳамарӯзаи заруриро талаб менамояд. Вобаста ба масъалаи рӯзнома маърӯзаи муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳитизистдарвилояти Суғд Абдумаликзода Б. ба таври муфассал шунида шуд. Инчунин, дар робита ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа аъзоёни комиссия – намояндагони Раёсатҳои маориф, шуъбаи энергетика ва саноат, хоҷагии ҷангали вилоят, раисони Комиссияҳои байниидоравии минтақавии дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Гулистон, Мастчоҳ, Зафаробод ва Хуҷанд ҳисобот доданд.
Страница 4 из 311