Соли 2025 охирон соли татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба ҳисоб рафта, дар соли ҷорӣ низ Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунро баҳри баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» пешбинӣ кардааст. Бо ин мақсад, чорабинии ниҳолшинонӣ дар шаш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, чор чунин муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон гузаронида шуд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои болозикр гурӯҳҳои экологҳои ҷавон - «Нозирони сабз» аз ҳисоби хонандагони фаъол ташкил гардида, фаъолият мебаранд. Онҳо дар доираи Барномаи давлатии мазкур таълимоти экологӣ гирифта, дар рафти фаъолияти худ дарсҳои иловагӣ (факултативҳо) ва дарсҳои амалӣ мегузаранд. Ин чорбинии ниҳолшинонӣ низ яке аз дарсҳои амалии онҳо мебошад, ки ниҳолҳо аз ҷониби худи аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ шинонида шуда, минбаъд парвариш меёбанд.
Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2005, №АП – 1677 ва ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, санаи 7 феврали соли 2025 дар толори бинои Кумитаи идораи замини вилоят нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 барои чор сохтор – Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, Кумитаи идораи замин, Сарраёсати кишоварзӣ ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии мазкур, 28 нафар рӯзноманигорон аз матбуоти даврии гуногун ва намояндагони телевизиони «Синамо», вилояти Суғд, ШТР «СМ-1», «7-Ситора», ҳамагӣ 32 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок дошта, ба роҳбарони сохторҳои болозикр саволҳои худро доир ба фаъолият ва масъалаҳои мубрами имрӯзаи соҳаҳо пешниҳод намуданд. Аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, сардори сарраёсат Холзода С.Х., муовини сардор, як қатор сардорони шуъба ва сармутахассисон низ иштирок дошта, дар маҷмуъ ба мақомоти ҳифзи муҳити зист панҷ савол, аз он ҷумла дар бораи ҷаримабандӣ ва пешниҳоди зарар ба корхонаҳои саноатӣ, ҳайвоноти нодири вилоят, буриши дарахтони ҳамешасабз, назорат аз болои ниҳолҳои шинонидашуда, намуди ниҳолҳои ба маҳал мутобиқ ва оид ба утилизатсияи батареяҳои корношоямшудаи электромобилҳо дар оянда, дода шуд. Ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Ишғоли ҷойи намоёни аъзои «Нозирони Сабз» аз шаҳри Истаравшан дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни волонтёрон
Яке аз аъзоёни «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан Маҳмудӣ Меҳрафрӯз ҳамчун волонтёри содиқу вафодор, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуд. Паи ду сол аст, ки Маҳмудӣ М. аъзои раванди «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан буда, дар ҳама чорабиниҳои вилоятиву шаҳрӣ фаъолона иштирок менамояд. Ӯ дар олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни физика низ ҷои аввалро ишғол намуда, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», дар даври шаҳрӣ ҷои сеюмро аз рӯи номинатсияи «Физикаи типи нав» ишғол намудааст. Минбаъд, мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф». Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои васеъ гардидани доираи аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз», аз он ҷумла волонтёрон бо муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корбарӣ менамоянд.
Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ифтихори мост!» дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ифтихори мост!» ташкил ва баргузор намуданд. Дар аксияи мазкур аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзоёни гурӯҳи «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод иштирок дошта, он ба эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бахшида шуд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур, масъулин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба иштирокчиёни аксия варақаҳои иттилоотӣ тақдим намуданд.
2 феврал - Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб ҳамасола санаи 2 феврал бо мақсади аҳамият ба ин экосистемаҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад. Заминҳои обию ботлоқӣ барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳим дошта, ҷиҳати тоза кардани об, коҳиш ёфтани таъсири оқибатҳои обхезӣ, ҷабб кардани гази карбон мусоидат менамоянд ва манзили намудҳои гуногунии биологӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли 50 соли охир аз сабаби хушкшавӣ, ифлосшавӣ ва тағирёбии иқлим, тибқи маълумот беш аз 35 фоизи ин минтақаҳо аз байн рафтаанд. Бе оби тоза мавҷудияти инсон ғайриимкон буда, ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он ҳастанд. Аз ҳаҷми умумӣ 2,5 фоизи оби сайёра ҳамчун оби тоза ба ҳисоб рафта, танҳо 1 фоизаш барои истифодаи инсоният дастрас мебошад. Бо ҳамин ва дигар сабабҳо мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон алоқамандӣ дошта, моро водор месозад, ки ин мавзеъҳоро қадр ва ҳифз намоем. Ҳангоме, ки дар боло қайд гардид мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва муқовимат бо тағирёбии иқлим муҳиманд.
Страница 7 из 311