Семинари ифтитоҳӣ дар шаҳри Душанбе

Санаҳои 4-5 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии шаҳри Душанбе семинари ифтитоҳӣ дар доираи лоиҳаи "Идоракунии даврагии заҳрхимикатҳо ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Туркия" баргузор гардид, ки дар он мувофиқи даъват намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом иштирок намуданд. Ҳамчунин, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз сохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ, намояндагони ташкилоти байналхалқии ФАО дар Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ ва дигар ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок ва баромад карданд.

     Дар рафти семинар асосан масъалаҳои вобаста ба ҳолати имрўза, муаммои ба қайдгирии ифлоскунандагони устувори органикӣ ва дигар масъалаҳои доир ба лоиҳаи мазкур баррасӣ гардид. Ҳамзамон, намояндагон аз вилояти Суғд низ дар гурўҳҳои кории намудҳои таркибии лоиҳа ширкат варзида, дар қисмати интиҳоии семинар пешниҳод ва тасдиқи нақшаи миллии солонаи корӣ барои солҳои 2019 – 2022 ба амал омад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.