Семинари вилоятӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март ва "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" давоми солҳои 2018-2028"

Тибқи нақшаи корӣ санаи 16 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кохи матбуоти ш.Хуҷанд бахшида ба 22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии об ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028  семинари вилоятӣ баргузор гардид. Дар кори семинар устодони Донишгоҳҳои олӣ - ДДҲБСТ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва донишҷӯён, намояндаи Раёсати  беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Пас аз суханони ифтитоҳии роҳбарияти Раёсат баромадкунандагон дар мавзӯъҳои - таърихи мухтасари ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "17 қадам дар роҳи мақсад", "Манбаъҳои асосӣ ва таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд", "Роғун ҳамчун корхонаи азими саноатӣ", "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои  рушди устувор" давоми солҳои 2018-2028", "Об сарчашмаи зиндагӣ", "Сырдарья жемчужина Центральной Азии" баромадҳо намуданд.

Инчунин дар интиҳои семинар аз ҷониби Хуршед Улмасов - директори генералии ширкати телевизон, радио ва рекламавии "Тироз", бо мақсади иттилоонидан ва барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ба баромадкунандагон тӯҳфаҳои махсус супорида  шуд. Рафти семинар тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.