Аксияи ниҳол

Дар ноҳияҳои  наздисарҳадии  вилояти Суғд корхои  паст кардани таъсири офатҳои табиӣ идома дорад. Бо иқдоми кормандони «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» бо иштироки 500 нафар хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон, намояндагони маъмурияти ҷамоатҳо, сокинони маҳаллӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Овчи–Калъачаи н.Б.Ғафуров ва Ростровути н.Деваштич аксияи ниҳолшинонӣ ва корҳои тозаву ободкунӣ доир гардид. Дар рафти аксия зиёда аз 1600  адад ниҳолҳо дар  саҳни мактабҳо, каналу қитъаҳои обгузар шинонида шуд, ки барои  самаранок мубориза бурдан бар зидди таназзулёбии замин мусоидат менамояд. Боиси зикр аст, ки то баргузории аксияи мазкур, хонандагон бо машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба масъалаҳои паст кардани таъсири офатҳои табиӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, сабаби рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва дар ин ҳолат чи гуна амал кардан  фаро гирифта шуда буданд. Тибқи лоиҳа ҳамкории оянда бо хонандагон дар ин минтақаҳо барои баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ, омӯзиш ва рушди малака барои мустақилона гузаронидани семинарҳо ва машғулиятҳои интерактивӣ пешбинӣ шудааст.      

Чорабиниҳои мазкур бо ҳамкории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар доираи амалӣ гардонидани лоиҳаи минтақави амалӣ карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.