Озмун – викторинаи экологӣ байни хонадагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом

  Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани дониши экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони сарраёсат бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаҳои экологӣ ҳамкории зич доранд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои 6 муассисаҳои таълимӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин озмун – викторина баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурўҳи дастгирӣ» ва «Викторина» роҳандозӣ гардида, 6 дастаҳои мактаб қувваозмоӣ намуданд.

   Дар натиҷа дастаи «Қатра» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаҳои «Табиат» аз МТМУ №21 ва «Оби тоза» аз МТМУ №24 ҷойи 2-юм гардида, соҳиби ҷоми озмун ва тўҳфаҳо шуданд. Ба боқимонда дастаҳои «Оби зулол» аз МТМУ №46, «Пирях» аз МТМУ №37 ва «Муҳофизини табиат» аз МТМУ №17 барои иштироки фаъолона тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ғайр аз ин, ба дастаи ғолиби озмуни мазкур аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ҳамчун раиси ҳакамон Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.          Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинӣ дардоираи лоиҳаи«Мусоидат ба ҳифзи захираҳои об ба воситаи ташаккули муносибати эҳтиёткорона ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба истифодабарии самараноки об дар водии Фарғона» баргузор гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.