Ҳафтаи таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти кори шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Тибқи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва беҳтар намудани фаъолияти корӣ, сайкал додани маҳорату малака тариқи таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти кори шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, нозирони давлатии воҳидҳои сохтори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кўлоб аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли ҷорӣ ба вилояти Суғд сафарбар шудаанд. Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати бо натиҷа гузаштани таҷрибаомўзӣ барнома тартиб доданд, ки давоми ҳафта ҳамкасбон аз вилояти Хатлон ва минтақаи Кўлоб бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, обу корезӣ, коммуналӣ, иншооти партовобтозакунӣ ва партовгоҳ, ҳамчунин зерсохторҳои сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и сарраёсат шиносоӣ пайдо намуданд.

  Ҳамчунин, дар доираи барнома, санаи 3 ноябри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат семинари таҷрибаомўзӣ бо иштироки меҳмонон ва сардорони шуъбаю мутахассисони таҷрибадори сарраёсат баргузор гардид. Дар семинари мазкур доир ба масъалаҳои муҳими самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла оид ба тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самтҳои ҳифзи ҳавои атмосфера, об, муомилот бо партовҳо, дар бораи иҷозати буриши дарахт ва тарзи ҳисоби дурусти маблағи зарар дар самти ҳифзи наботот, татбиқи Барномаи давлатии соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти ҳаррўзаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад. Боиси қайд аст, ки бо сабаби баргузории чорабинӣ дар арафаи ҷашни Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғоз баромад дар мавзўи «Конститутсия – таҷассумгари истиқлолияти давлат ва соҳибихтиёрии миллат аст» пешкаши иштирокдорон гардида, аз ҷониби роҳбарияти сарраёсат онҳо табрик карда шуданд. Дар рафти семинари таҷрибаомўзӣ бисёр муҳокимаю саволу ҷавоб ба амал омада, он ба фоидаи ҳам ҳамкасбони аз вилояти Хатлону минтақаи Кўлоб ташрифоварда ва ҳам кормандони сарраёсат дар вилояти Суғд мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.