December 2023

30 December 2023

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2024

 Ҳамкорони азиз! Пас аз чанд рӯзи бошумор соли нави 2024-юми милодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиатро сидқан шодбош гуфта, ба  ҳар яки шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. Соли нави милодӣ муборак!

Читать далее

Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Санаи 28 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он дар таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд. Минбаъд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми навбати гузошташуда, кормандони мақомоти ҳифзи мухити зист дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро истифода намуда, барои амалӣ гардидани онҳо  саҳми  арзанди худро мегузоранд.

Читать далее

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон   ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зистоид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори Сарраёсат Холзода С.Х. ,сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузоргардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда  дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ  намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. оид ба беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию давлатӣ ва дигар аснодҳои  назоратӣ супоришҳо дод.

Читать далее

22 December 2023

Вохӯрӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои кории шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров

  Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» дар шаҳри Истиқлол ваҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров гурӯҳҳои корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ таъсис ёфта, давоми ду соли охир дар шаҳру ҷамоати деҳоти мазкур як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо амалӣ гардиданд. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои корӣ дар толори меҳмонҳонаи «Суѓдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии васеъ бо иштироки намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ташкилоти САҲА, аз он ҷумлаҶумҳурии Ўзбекистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», васоити ахбори омма ва худи гурӯҳҳои корию аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и шаҳри Истиқлолуҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид.Пеш аз оғози чорабинӣ барои иштирокдорон ва меҳмонон намоишгоҳиаксҳо дар мавзӯи «Ҷаҳони пластикӣ»муаррифӣ гардида, инчунин озмун - викторина дар мавзӯи намоишгоҳ гузаронида шуд.

Читать далее

16 December 2023

Аксияи экологӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо ташаббуси кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр новобаста аз обу ҳаво аксияи экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо мақсади тоза намудани нуқтаҳои ҷойгиронии муваққатии партовҳо ва гирду атрофи онҳо ташкил гардид. Дар натиҷа бо истифода аз техникаи махсуси партовкашон 15 адад чунин нуқтаҳо бо пуррагӣ аз партовҳои истеъмолӣ тоза гардид ва ба партовгоҳи шаҳрӣ 30 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуд.  Барои минбаъд, мунтазам тоза нигоҳ доштани ҷойҳои расмии партовҷамъкунии дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгиршуда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ба корхонаи манзилию коммуналӣ пешниҳодҳо дода шудааст.

Читать далее

14 December 2023

11 декабр Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таҷлил мегардад

  Дар моҳи январи соли 2003 бо қарори 57-умин Маҷмаи Умумии СММ санаи 11 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таъсис ёфта, таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии кӯҳистон соли 1992 бо қабули Рӯзномаи 21 аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд таъсис дода шуд, ки боби 13-и он «Идоракунии экосистемаҳои осебпазир: рушди устувори кӯҳистон» дар таърихи рушди кӯҳҳо марҳалаи муҳимтарин буд. Кӯҳҳо тақрибан чоряки сатҳи замини ҷаҳонро ишғол мекунанд, дар ҳаракати ҷаҳони мо ба сӯи рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд ва дар куҳҳо 15% аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо на танҳо манбаи зиндагӣ ва некӯаҳволии қариб як миллиарду сад миллион нафар аҳолии минтақаҳои кӯҳистонро таъмин мекунанд, балки бавосита ба миллиардҳо нафаре, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, нафъ мебинанд. Ва албатта, фаромуш кардан лозим нест, ки куҳҳо мамнуъгохи бисёр навъҳои набототу ҳайвонот, манбаи оби ҳамаи дарёҳои асосии кураи замин мебошанд. Мақсад аз ин рӯз табрик кардани ҳама «дахлдорон» набуда, балки ҳифзи сарватҳои табиии ҷаҳон, дастгирии сокинони бумии манотиқи кӯҳистонӣ, баланд бардоштани огоҳии мардум аз мушкилот ва аҳамияти кӯҳҳо мебошад. Аксари чорабиниҳои идона дар кишварҳои узви СММ баргузор мешаванд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.