May 2023

18 May 2023

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар шаҳри Конибодом

  Давоми соли равон мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҳамкориро бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри  Хуҷанд дар татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» идома дода истодаанд. Дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодомҷаласаи гурӯҳикорӣ оид ба ташаккули «Нақшаирушди ҷангалзори тӯқайи минтақаиобиюботлоқии болооби обанбори «БаҳриТоҷик» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ғайр аз намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти ҷамъиятӣ, коршинос – эколог, намояндагониҶамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр, ҷамоати деҳот ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Боиси қайд аст, ки баргузории ҷаласаи мазкур ба муҳокимаи натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида дар давоми як соли амалӣ гардидани лоиҳа ва муайян кардани нақшаи фаъолият то охири соли 2023 бахшида шуд. Тибқи барномаи ҷаласаи гурӯҳикорӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат, кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва директори Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр ба иштирокдорон дар бораи ҳолати корбарӣ ҷиҳати муайян ва қабул намудани мақоми «минтақаи махсус муҳофизатшаванда» барои ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом, аз он ҷумла номгузории он,рафти амалигардонии лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалҳоитӯқайванавъҳоизерихатари минтақаиболообиобанбори Баҳри Тоҷик»,кор бо хонандагони мактабҳои шаҳр дар самти баланд бардоштани донишиэкологӣ, натиҷаҳои гузаронидани тадқиқот оид ба «Таҳлили арзиши умумии иқтисодии функсияҳои экосистемавии минтақаи обию ботлоқӣ»,шиносоӣ бо ҳолати ҷангалзори тӯқай ва минтақаи мазкур, мушкилоти мавҷудбуда ва роҳҳои ҳалли онҳо баромаду презентатсияҳо пешниҳод гардид.

Читать далее

Назорати рафти иҷрои Барномаи давлатӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом

  Бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.10.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», моҳи апрели соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар минтақа санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ дар шаҳр маводи ҷойдошта мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ва ҷиҳати такон бахшидани раванди иҷрои қарорҳои болозикр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Фестивали дўстдорони табиат дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва пайвастани ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони «Патрули сабз»-и 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом «Фестивали дўстдорони табиат» барпо гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ макетҳо, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо мушкилоти марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст.    Қобили зикр аст, ки дар шаш мактаби ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Фирӯзоба ва Патари шаҳриКонибодом соли 2022 корҳои мақсадноки иттилоотӣ - маърифатӣ оғоз гардида буд, ки дар натиҷа гурӯҳҳои «Нозирони сабз» таъсис ёфта, курси пурраи фанҳои таълимии иловагии экологӣ ба итмом расонида шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо,  амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни МДТ Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, кормандони маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ва беморхонаи физиотерапевтӣ зиёда аз 300 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, пластикӣ ва алафҳои бегона ба микдори 5 м 3 тоза карда шуд.

Читать далее

12 May 2023

Корҳои биотехникӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Бо мақсади зиёд намудани саршумори моҳиҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ, эмин нигоҳ доштан ва зиёд намудани саршумори онҳо, таъмини онҳо бо ғизо бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар обанбори Баҳри тоҷик (ҳудуди ноҳия) корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии кунҷора - 150 кг ва гандумрезаҳои гуногун - 150 кг пошида шуда, рафти корҳо тариқи телевизиони вилояти Суғд намоиш дода шуд.

Читать далее

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист ва тарғиби эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» насби овезаҳои экологӣ дар вилояти Суғд идома дорад.Чунин овеза аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истиқлол дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр - Маҳаллаи 1 ва кучаи марказии ба номи Шириншоҳ Шотемур насб карда шуд.

Читать далее

Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Конибодом

  Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии Исмоили Сомонӣ,  ҷамоати деҳоти  Шарипов деҳаи Кучкак шаҳри  Конибодом    баннерҳои экологӣ насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ - ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» мебошад. Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.

Читать далее

Насби лавҳаи экологӣ дар ноҳияи Шаҳристон

   Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар шоҳроҳи  Душанбе – Чаноқ ва  бинои маъмурии бахш насб  гардид.

Читать далее

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Панҷакент

  Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар шоҳроҳи Самарқанд-Панҷакент дар назди бинои хоҷагии намунавии ёрирасони "Ҳифзи табиат", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саразм баннери ташвиқотӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» роҳандозӣ гардид.

Читать далее

9 май

  Иштироки   кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар  маросими гулгузорӣ  ба ифтихори 78 солагии Иди Ғалабадар назди Муҷассамаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.