May 2023

29 May 2023

Рейди фаврӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

   Ҳангоми гузаронидани рейди фаврии муштарак аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд,   дар ҳудуди  ноҳияи Ашт ҷамоати деҳоти Шодоба автомашинаи тамғаи Опел, ки аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти деҳоти Қаҳрамон ҳаракат мекард, манъ карда шуда  дар бағочи  автомашина 8 адад моҳии навсайдшуда ошкор гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум гардид, ки  шаҳрванд  Содиқов А.О. - сокини н.Ашт, ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи соҳили сир, дар давраи манъи сайди моҳӣ ғайриқонунӣ бо шикори моҳӣ машғул шудааст. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 5440 сомониро ташкил дода, аз тарафи  прокуратураи ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом  амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт шаҳрванд Холматов Р.К. барои ғайриқонунӣ сайд намудани моҳӣ дар давраи манъи тухмигузории моҳӣ ошкор гардида, маводҳои тартибдодашуда  барои андешидани  чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом  ирсол карда шуд.

Читать далее

24 May 2023

Нисбати қонунвайронкунандагон дар доираи талабот чораандешӣ карда шуд

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии ҳамҷоя бо прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Боғи боло ошкор гардид. Маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумотномаи Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, инчунин санади азназаргузаронӣ ва ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Дар баробари ин тибқи моддаҳои 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 14, 27, 48-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдани обҳои рӯизаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсуси об ва ифлос намудани замин бо пору нисбат ба гунаҳгор 11 ҳазору 263,94 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод ва он ба пуррагӣ ба манфиати давлат ситонида шуд.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Мувофиқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.

Читать далее

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол

  Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Ш.Шотемури  шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 24  адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Семинар таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ташаббускори иқдомҳои экологӣ”

  Бо мақсади ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028,  ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамҷоягӣ бо МДТ Коллеҷи политехникӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист, кумитаи иҷроияи ҳизби халкии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби СММ, масъалаҳои мутобиқшавӣ  ва таъсири  тағйирёбии иқлим ба  пирьях ва муҳити зист баромадҳо пешниҳод карда шуданд. Дар интиҳои семинар аз тарафи  намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист ба омӯзгорон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳо супорида шуд.

Читать далее

Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ № 19 вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд. Мудири бахш Каримзода Ф. дар мавзӯи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас, корҳои  иҷро гардида ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимӣ  дар аксияву чорабиниҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим баромад намуд. Дар навбати худ омӯзгорони муассиса баргузории чунин вохуриҳоро  сари вақтӣ арзёбӣ намуданд.

Читать далее

Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат

   Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023 сол таҳти № 42 ва фармоиши сардори Сарраёсат таҳти № 16 аз 31.03.2023 сол «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023»  дар давраи  15 рӯзи сеюми манъи сайди моҳӣ баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар обанборҳои вилоят 78 маротиба амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин 78 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати қўруқшиканҳо 15 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 мавод дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод гардид. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар вақти манъи сайди моҳӣ аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ва кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд шаҳрвандони ноҳияи Б.Ғафуров Ҷумаъев Назирҷон ва Қурбонов Бурҳон дар минтақаи Сумчаки дарёи Сир ошкор карда шуданд. Қонуншиканон бо истифода аз заврақ ва истифодаи олоти манъшудаи сайди моҳи шасти барқӣ (электроудочка) 65 сар моҳиҳоро сайд намудаанд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 4420 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои қонунӣ маводҳо ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Аксияи экологӣ бо иштироки ҷавонони шаҳри Гулистон

  Ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ин Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба ҳисоб рафта, дар соли равон тибқи нақшаи пешбинигардидаи ҳамкорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаст. Кормандони сарраёсат якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аксияи экологӣ гузарониданд, ки дар рафти чорабинӣ тоза намудани боғи истироҳатии шаҳр аз партовҳои гуногун бо гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ, аз он ҷумла 1 адад дар обутобгоҳи марказии соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ва гузаронидани викторина бо ҷавонон амалӣ гардид.Боиси қайд аст, ки дар интихоби ҷойи баргузорӣ ва ташкили иштирокдорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон саҳм гузошта, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо намояндагони телевизиони вилояти Суғд низ фаъолона ширкат варзиданд.Баргузории чунин аксияи экологӣ моҳи минбаъда дар дигар минтақаи ноҳияи вилоят идома меёбад.

Читать далее

23 May 2023

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» мунтазам доир гардида истодааст. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки хонандагони гимназияи 13, МДТ Литсейи касбӣ политехникии 31 ва 53, донишҷуёни факултаи химия ва биологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров беш аз 600 нафар гузаронида шуд. Рафти аксия  қадди роҳ ва ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногун (10 м3) ва алафҳои бегона пурра тоза карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.