Чорабиниҳо бахшида ба санаи 5 июн дар шаҳри Истиқлол

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3050

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор амалиётҳо ва чорабиниҳо баргузор гардид. Бо ташаббуси бахш аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус COVID – 19 ба шаҳрвандон, ки бо корҳои ободонии кўчаю маҳаллаҳо машғул буданд, маводи пешгирӣ, аз он ҷумла ниқоб ва дастпўшаки резинӣ тақдим карда шуд. Кормандони бахш ҳангоми баргузории аксия бо футболка ва кепка бо навиштачот буданд.

Ҳамчунин, дар арафаи Рўзи байналмилалии муҳити зист собиқадорони соҳа, ки солҳои қаблӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан дар шаҳри Истиқлол фаъолият карда буданд, аз ҷониби мудири бах шва кормандон аёдат гардидаанд.

    Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки аҳолӣ гузаронида шуд.

joomlamodniyportal.ru