Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли 2016 – Соли фарди солим» ва баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бобати масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурияти тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, мавқеи экологияи тиббӣ дар ҷомеа, татбиқи барномаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия
ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» баромадҳо манзури донишҷӯён гардиданд. Ҳамчунин донишҷӯён оиди беҳдошти муҳити зист, сабабҳои тағйирёбии иқлим, муаммоҳои экологии ҷойдошта, роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати изҳори ақида намуданд.