Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (YGPE), ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникӣ» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, санаи 28.03.2016 дар муассисаи таълимии № 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров озмун-намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони 8 мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Калъачаи ноҳия иштирок намуда, беш аз 250 намуди корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён ғайр аз пешниҳоди маҳсулотҳои худсохт, ҳамчунин намоишҳои гуногуни шавқовар, саҳначаҳо дар мавзӯҳои гуногуни иҷтимоӣ баромадҳо намуданд. Бояд қайд намуд, ки баъзе аз мактабҳо оиди муаммоҳои экологии минтақаҳои ҷои зисташон призентатсияҳо пешкаш намуданд.
Аъзоёни ҳакамон ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин маҳсулоти худсохти экологӣ, аз ҳама маҳсулоти фоидаовар, беҳтарин маҳсулоти эҷодӣ, иштирокчии аз ҳама хурдсол ва ҳавасмандӣ, ҳамагӣ 38 адад тӯҳфаҳо супориданд. Ҳамзамон аз номи ташкилкунандагони озмун-намоишгоҳ ба ҳамаи мактабҳо барои иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.