Санаи 12 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсат дар асоси фармоиши сардор, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои банди 8-уми қарори ҷаласаи Раёсат аз 05.01.2016, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо, семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, аз ҷумла мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Мувофиқи барнома пеш аз баромадҳои омӯзишӣ, намоянда аз КИ ҲХДТ шаҳри Хуҷанд, устоди Донишгоҳи иқтисод ва савдо Азимов А. оид бануқтаҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд.
Дар семинари мазкур мавзӯҳои тартиби ташкил намудану гузаронидани санҷишҳо дар корхонаву ташкилотҳо, санаду дигар ҳуҷҷатҳои санҷишӣ дар самтҳои замин, партов, об, атмосфера, ташвиқоту тарғибот ва иттилооти экологӣ, аз ҷумла барномаҳои соҳавӣ баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон дарсҳои амалӣ вобаста ба мавзӯъҳои мавриди баррасӣ қарордодашуда доир гардид. Дар рафти семинар аз ҷониби иштирокчиён оиди масъалаҳои мавҷуда музокираҳо сурат гирифт.