Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ - амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти сохторҳо дар толори китобхонаи факултети муҳандисӣ – технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд бо донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и ихтисосҳои «экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ» ва «истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ» доир гардид. Дар навбати худ аз тарафи сармутахасиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат дар бораи фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, муаммоҳои экологӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об, гармшавии иқлим, олами набототу ҳайвонот, қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маълумот доир ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ пешкаши донишҷӯёну устодони иштироккарда гардид.
Дар интиҳо аз ҷониби сармутахасиси сарраёсат барои китобхонаи факултети мазкури Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Вохӯрӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаидавлатиимаҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистонбароисолҳои 2021 - 2025» баҳри баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон баргузор гардид.