Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иди Наврӯзи байналмилалиро ботантана бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Бо суханони табрикотӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол қайд намуд ,ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинонивукабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.
Тибқи нақшаи чорабинӣ дар Наврӯзи имсола ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин ба намоиш гузошта шуда, байни фарзандони кормандон озмуни расмкашӣ ва бозиҳои кӯдакона,мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, дастхобонӣ ва дигар бозиҳои наврӯзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб ба ҳамаи иштирокчиёни озмун - кудакон туҳфаҳои наврӯзӣ супорида шуд.