Дар ноҳияи Масчоҳ беш аз 4000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад

  Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба ноҳия беш аз 4000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда харидорӣ гардида, қисмате аз онҳо дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия ва қисмати дигар дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон шинонида мешаванд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини сартосарии амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад. Ҳамчунин барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо, инчунин тозаву озоди нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Сайди моҳӣ манъ аст

  Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2024 с. таҳти № 36 ва фармоиши сардори Сарраёсат «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2024», дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам  овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2024 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95

Таҷлили ботантанаи Иди Наврӯз дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иди Наврӯзи байналмилалиро ботантана бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Бо суханони табрикотӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол қайд намуд ,ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  соли 2010  Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинонивукабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон  дастгирии  ҳамаҷониба пайдо намудааст.

Аёдати собиқадорони соҳа бахшида ба Иди байналмилалии Навруз

  Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо чунин мақсад бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯзаз муовини сардори Сарраёсат Каримзода Фарҳод собиқадорони  мақомоти ҳифзи муҳити зист Султонов А.А.,  Каримов Г.Н., Кузиев Т.-ро аёдат намуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иду ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ мунтазам роҳандозӣ мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.