February 2024

01 February 2024

2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

 Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Шиори имсолаи Рӯзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ - мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон ном дорад. Ин шиор таъкид менамояд , ки то чӣ андоза тамоми ҷанбаҳои некӯаҳволии мо бо вазъи саломатии ин экосистемаҳои  беназир алоқаманданд ва моро ташвиқ мекунанд, ки ин мавзеъҳоро  қадр ва ҳифз  намоем. Бе оби тоза мавҷудияти инсон  ғайриимкон аст ва  ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он мебошанд. Танҳо 2,5% оби сайёра оби тоза аст. Ва танҳо 1% ин об барои истифодаи инсоният дастрас аст.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист ва нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Исмоилзода З. ва дигар масъулон доир гардида, дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод 130 бех дарахтони ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд

Читать далее

Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Айнӣ

 Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, беҳтарнамуданивазъиэкологӣ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаюозоданигоҳ доштани маҳалли зист дар ноҳияи Айнӣ аксияи “Тозагии маҳал” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  бо иштироки беш 180 нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия қаддироҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза карда шуд.

Читать далее

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар нақби Истиқлол ва Шаҳристон

 Бо мақсади тозаву  обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ дар назди нақби Истиқлол ва Шаҳристон  2 адад қуттӣ барои ҷойгиронии партовҳои пластикӣ гузошта шуд.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

 Баҳри иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд аз 22.11.2024, № 363 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд барои солҳои 2023-2024»  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси қарори раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо дар ноҳияи Ашт гузаронида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия то охири моҳи январ дар мавзеи шаҳраки Шайдон, қадди роҳҳои протоколӣ, ҷамоатҳои деҳоти  Меҳробод, Шодоба ва Ошоба, шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт ҳамагӣ 7400 бех ниҳолҳо, аз он ҷумла  200 бех сояафкан,  7100 бех ҳамешасабз ва ороишӣ ва 100 бех мевадиҳанда, аз он ҷумла 200 бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Читать далее

Баргузории шанбегӣ дар Кӯҳистони Масчоҳ

 Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон шанбегии дастаҷамъӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни шанбегии дастаҷамъона кормандони бахшу идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷавонон  фаъолона иштирок доштанд. Дар ҷараёни  шанбегӣ ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист,  роҳраву кӯчаҳои марказӣ, боғи Парчам ва Нишони давлатии назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин назди биноҳои маъмурии маркази ноҳия  аз партовҳои гуногун тоза карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Деваштич

  Бо мақсади бо таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ дар асоси супориши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят аксияи «Тозагии шоҳроҳ», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» доир гардид. Дар он 115 нафар аҳолии ҷамоатҳо, корхонаву ташкилотҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон бо иштирокчиёни аксияҳо аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Рафти аксия тариқи телевизиони «Синамо» ба навор гирифта шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.