Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Зафаробод озмуни ноҳиявии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун 17 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ иштирок доштанд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт оро дода буданд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд.
Насби қуттиҳои пластикӣ дар ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади таъмин ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ, кӯчаҳои марказӣ , аз он ҷумла назди беморхонаи марказӣ , қасри фарҳанг, назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, гардишгоҳи шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 8 адад қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ гардида, дар муҳлатҳои наздик дар дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят насби чунин қуттиҳо дар назар аст. Ҳамчунин дар роҳи марказӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун«Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, ахборот ва иттилооти Сарраёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шахри Хуҷанд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» -ро гузарониданд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол
Дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҳамҷоягӣ бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истиқлол дар кӯчаи марказии шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» -ро гузарониданд. Рафти амалиёт 23 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён сойи Томчисой бо ҷалби техника партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 4 м3 бартараф карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллии дар пешистода дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.
Озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз дар шаҳри Хуҷанд
Дар толори бинои МД «Қасри ҷавонони ба номи Л.Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз баргузор гардид. Дар озмун – намоиш меҳмонон, парандапарварони чунин парандаҳои хушовоз аз пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Деваштичи вилояти Суғд дар маҷмуъ беш аз 40 нафар иштирок намуданд. Тибқи шартҳои баргузории чорабинӣ, аз ҳамаи иштирокчиён 25 парандаҳои хушовоз ба озмун роҳ дода шуда, доварони интихобгардида пас аз шунидани ҳар як паранда баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа иштирокчиён аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум ва сеюмро ишғол карда, иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм гардид ва онҳо бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, медал, ҷом ва тўҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, ба ғолиби озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз аз ҷониби намояндаи сарраёсат Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳамчунин, ба 10 нафар барои иштироки фаъолона сипосномаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят супорида шуд.
Page 4 of 223