С
анаи 1 октябри соли 2026 дар толорҳои Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми IV-уми минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026» бо мақсади баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Дар форум 170 нафар, аз ҷумла намояндагони ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, омӯзгорон, коршиносон, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои манфиатдор иштирок доштанд. Рафти чорабинии мазкур иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҷавонон ва иштироки амалии онҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ зоҳир гардид.
Барномаи форум форматҳои иттилоотӣ ва амалиро муттаҳид карда, дар доираи қисми амалӣ иштирокчиён дар гурӯҳҳо кор карданд ва модели ҳавзаи дарёи Сирро сохтанд, ки робитаҳои байни захираҳои об, экосистемаҳои табиӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва фаъолияти иқтисодиро ба таври визуалӣ нишон дод. Дарсҳои устодии мавзӯӣ ва дигар чорабиниҳои интерактивӣ низ баргузор гардида, инчунин форум ҳамчун платформа барои мубодилаи таҷриба байни аъзоёни «Нозирони сабз»-и се кишвар, муҳокимаи ҳамкории оянда ва ташаббусҳои муштарак хизмат намуд. Аҳамияти чорабинӣ дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ифода меёбад. Маврид ба қайд аст, ки баргузории «Форуми IV-уми минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир - 2026» бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва мусоидати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ, бо дастгирии як қатор шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ, ширкатҳои дар шаҳри Хуҷанд фаъолияткунанда амалӣ гардид.
