Истаравшан: шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 55

   Баҳри иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ 22 августи соли 2026 дар шаҳри Истаравшан шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар шанбегӣ зиёда аз 1000 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо, беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ, кормандони соҳаи маориф, маҳаллаҳо ва нуқтаҳои савдо фаъолона иштирок  намуданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди 10 ҷамоати деҳот ва шоҳроҳ сокинон аксияи "Тозагии маҳал" баргузор намуда, канори роҳҳо, ҷуйборҳо, каналу обравҳо, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тоза карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки ҳафтаҳои минбаъда низ чунин корҳои тозагиву ободониро ташкил ва баргузор намояд.