Насби камераҳои мушоҳидавӣ дар шаҳри Конибодом

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 28

  Бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо дар самти муомилот  бо партовҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Конибодом 5 адад камераҳои назоратӣ насб гардид. Насби чунин камераҳо барои пурзӯр намудани назорати ҷамъоварӣ, интиқол ва ҷойгиркунии партовҳои маишӣ, пешгирии партовпартоии ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ҳамзамон, тавассути камераҳои насбшуда ҳолати санитарӣ ва тозагии минтақаҳои муайян зери назорати доимӣ қарор дода шуда, дар ҳолати ошкор гардидан нисбати қонуншиканҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад. Ин иқдом ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмини тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани масъулият ва маърифати экологии аҳолӣ равона гардидааст.