Мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 50

  Тибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод мониторинги экологӣ гузаронида шуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар 5 нуқтаи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масоҳати аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардида, тағйирёбии тамоюли таъсир бо гирифтани 10 намунаи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера муайян карда шуд. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки миқдори нишондиҳандаҳо ба монанди аммиак (NH3), оксиди карбон (СО), дуоксиди нитроген (NO2), фенол (C6H5OH), гидрогени сулфид (H2S), оксиди нитроген (N2O), формалдегид (CH2O), аммиак (NH3), гидрогенхлорид (HCl), хлор (Cl) ва чанг дар таркиби ҳавои атмосфера мутобиқи меъёр мебошанд. Ғайр аз ин, бо мақсади назорати сифат ва муайян намудани хосиятҳои физикӣ – кимиёвӣ аз 1 нуқтаи ҳавзаи дарёи Сир дар минтақаи наздисарҳадии ҳудуди ноҳияи Спитамен намунаи об гирифта, ташхис гузаронида шуд.

  Ҳангоми ташхиси хосиятҳои физикии оби намунаи мазкур ҷузъиётҳои нишондиҳандаи гидроген (рН), бӯй, ранг, шаффофӣ, боқимондаи хушк, моддаҳои муалақ ва ташхиси хосиятҳои кимиёвӣ ҷузъиётҳои нитрогени амоний (NO4), нитрогени нитрит (NO2), нитрогени нитрат (WO2), хлоридҳо (Cl), оксигени ҳалшуда (O2), оксидшавии перманганатӣ (KMnO4), оҳани умумӣ (Fe), фосфатҳо (PO4) ва ниёзи биологӣ (БПК5) муайян гардид. Натиҷаи ташхисҳо нишон дод, ки нишондиҳандаҳо аз меъёри муқарраргардидаи ҳадди имконпазири ғизлатнокӣ (ҲИҒ) баланд набуда, ба талаботи меъёр ҷавобгӯ мебошанд. Боиси қайд аст, ки гузаронидани мониторинги экологии ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо истифодаи таҷҳизоти ченкунии «ГАНК - 4» барои санҷиши таркиби ҳавои атмосфера ва таҷҳизотҳои «КФК-2», «КФО», «LANGE DR 2800» барои ташхиси таркиби об амалӣ гардид.