Б
о тағйир ёфтани обу ҳаво, паст фаромадани ҳарорат ва боришоти барф масъалаи беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои фасли зимистон ба миён омада, гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» идома дода шуд. Бо иқдом ва иштироки нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар ҳудуди мавзеъи «Хуррамдара» ва «Дараи сабз» корҳои биотехникӣ ба амал омад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи сукунати олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар сармои фасли зимистон, ҳангоми баргузории амалиёт минтақаҳо ва маконҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ бо хӯроки иловагӣ ба миқдори резаи гандум ва ҷав – 250 кг-мӣ, маккадона ва намак - 50 кг-мӣ, сабзӣ - 150 кг, карам ва картошка - 500 кг-мӣ, 15 ададӣ бастаи каҳ ва беда таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷ.Расулов низ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар минтақаҳои кӯҳии ноҳия корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар ҷойҳои сукунати намудҳои гуногуни ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон ҳаҷми таъминот бо хӯроки иловагӣ 200 кг гандум, 100 кг сабӯс ва 16 адад бастаи алафро ташкил намуд. Дар баробари ин бо мақсади пешгирии шикор ва сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов, дар минтақаҳои соҳили дарёи Сир амалиёти назоратӣ гузаронида шуда, дар рафти он байни шикорчиёну моҳидорони ҳаваскор доир ба қоидаҳои амалкунанда ва талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид.
