Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати 31-солагии рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 39

  Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як воқеаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гардид. Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Конститутсия қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар амалӣ гардидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдории бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ба ифтихори 31-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корман-дону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дустдорони табиатро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.