Баргузории озмуни «Тирамоҳи заррин» дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 38

  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом бахшида ба Иди «Меҳргон» ва ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши омӯзиши табиати диёр, озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки озмуни мазкур давоми моҳҳои сентябр ва октябр дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври шоиста ва дар сатҳи мунир баргузор гардида, беш аз 50 ҳазор дӯстдорони табиатро ба ҳам овард. Зиёда аз 13 сол шудааст, ки аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати  ҳифзи муҳитизист дар вилояти Суғд озмуни мазкур гузаронида мешавад ва соли ҷорӣ дар даври вилоятӣ беш аз 350 нафар ғолибони даври аввал аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

  Дар баробари директор ва кормандони Маркази таҳсилоти иловагии вилоятӣ, намояндагони соҳаи маорифи шаҳри Конибодом ва дигар шаҳру ноҳияҳо, дар чорабинӣ сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист иштирок карда, бахши «Ҳимояи рисолаву реферат»-ро доварӣ намуд. Шарти озмун аз се бахш иборат буда, дар натиҷа дастаи ноҳияиБ.Ғафуров дар бахши «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ», Раҳматов Акмал хонандаи синфи 9-и МТМУ- 6 дар бахши «Ҳимояи рисолаву реферат» ва дар бахши «Видеоролики беҳтарин» хонандаи синфи 7-и МТМУ-и №26 ноҳияи Ҷ.Расулов Ниёзматова Дилнаво сазовори ҷойи аввал гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин ғолибоне, ки сазовори ҷойҳои намоён шуданд бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд. Тибқи мактуби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур рӯзи охирони моҳи октябри соли 2025 доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки нақши озмуни «Тирамоҳи заррин» дар самти тозаву озод нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии тамоми қишрҳоиҷомеа, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои  таълимӣ  муҳим  ва муассир арзёбӣ гардида, ташкил ва баргузории он иҷрои талаботи яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» мебошад.