15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 62

  Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардида, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кардаанд. Айни замон дар сайёра, аз ҷумла дар кишвари мо тағйир ёфтани иқлимро ҳама эҳсос мекунад ва бадшавии вазъи экологӣ дар тамоми олам воқеаи баҳснопазир мебошад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро расонида, масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушкшудани чашмаҳову дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар гуна пайомади офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз омилҳо ва мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсиргузоранд, бамаротиб меафзоянд. Пиряхҳои хурду бузург дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон – қуллаи Исмоили Сомонӣ ва қуллаи Абўалӣ ибни Сино ҷойгир буда, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор доранд. Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.

 Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар баланд шудани ҳарорат, кам гаштани боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Муҳофизати иқлими Замин аз ҳар кадоми мо вобастагӣ дорад. Агар ҳар кадоме саҳми андаки худро дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сарфаи нерӯи барқ ва ҳатто кам истифода бурдани нақлиёти шахсӣ гузоранд, ин ҳама дар маҷмуъ бетаъсир намемонад. Барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим самараноктарин роҳ ин рушди «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Тибқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат иқтидори «энергияи сабз» рушд ёфта, аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» то соли 2037, воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.