Мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳифзи пирьяхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 302

  Ба ифтихори эълони санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии № 24 бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин” баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ҳадафи ташкилу баргузории онро ба ҳозирин шарҳ дода, ҳамчунин иштирокдоронро ба муносибати санаҳои муҳими ҷашнӣ табрику муборакбод намуд. Устодону хонандагони муассиса дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти обу иқлим”, “Вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии обшавии онҳо” ва “Паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар водии Фарғона” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва маълумотҳои ҷолиб дар назди ҳозирин баромад карданд.

  Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази пиряхшиносӣ таъсис ёфта, коршиносон бар он ақидаанд, ки яке аз сабабҳои асосии об шудани пиряхҳо ин таъғирёбии иқлим мебошад. Дар рафти чорабинӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ёдгорӣ Фирдавс баромад намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани иқдоми некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи Созмони байналмилалӣ эътироф гардид, камари ҳиммат баста, барои ҳифзи пиряхҳо кӯшиш намоем. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ хеле фаъолона ширкат варзиданд. Дар фарҷом директори муассисаи мазкур Зоирова М. ба сухан баромада, роҳандозии чунин чорабиниҳоро дар мукаммалгардонии дониши хонандагон муҳим арзёбӣ намуд.