Чорабиниҳои ниҳолшинонӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1893

Соли 2025 охирон соли татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба ҳисоб рафта, дар соли ҷорӣ низ Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунро баҳри баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» пешбинӣ кардааст. Бо ин мақсад, чорабинии ниҳолшинонӣ дар шаш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, чор чунин муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон гузаронида шуд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои болозикр гурӯҳҳои экологҳои ҷавон - «Нозирони сабз» аз ҳисоби хонандагони фаъол ташкил гардида, фаъолият мебаранд. Онҳо дар доираи Барномаи давлатии мазкур таълимоти экологӣ гирифта, дар рафти фаъолияти худ дарсҳои иловагӣ (факултативҳо) ва дарсҳои амалӣ мегузаранд. Ин чорбинии ниҳолшинонӣ низ яке аз дарсҳои амалии онҳо мебошад, ки ниҳолҳо аз ҷониби худи аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ шинонида шуда, минбаъд парвариш меёбанд.

Сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар чорабинии ниҳолшинонӣ иштирок карда, тарзи дурусти шинонидани ниҳолҳоро ба хонандагон нишон дод. Дар маҷмуъ, рафти чорабинии мазкур 272 бех ниҳолҳои дарахтони, аз он ҷумла ҳамешасабзи санавбар - 95 бех ва мевадиҳанда – 177 бех (себ – 47 бех, зардолу – 97 бех, шафтолу – 33 бех) шинонида шуда, ҷиҳати ташкили боғи мевадиҳандаи қитъаҳои замини наздимактабӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, мутобиқи нақша бо дастгирии шарикони рушд барои ниҳолҳои назди ин муассисаҳои таълимӣ соли гузашта ва имсол аз ҷониби «Нозирони сабз» шинонидашуда, бо мақсади парвариши хуби ниҳолҳо системаи обёрии қатрагӣ таъмин карда мешавад, ки дар татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» саҳм мегузорад.