Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1927

  Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2005, №АП – 1677 ва ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, санаи 7 феврали соли 2025 дар толори бинои Кумитаи идораи замини вилоят нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 барои чор сохтор – Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, Кумитаи идораи замин, Сарраёсати кишоварзӣ ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии мазкур, 28 нафар рӯзноманигорон аз матбуоти даврии гуногун ва намояндагони телевизиони «Синамо», вилояти Суғд, ШТР «СМ-1», «7-Ситора», ҳамагӣ 32 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок дошта, ба роҳбарони сохторҳои болозикр саволҳои худро доир ба фаъолият ва масъалаҳои мубрами имрӯзаи соҳаҳо пешниҳод намуданд. Аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, сардори сарраёсат Холзода С.Х., муовини сардор, як қатор сардорони шуъба ва сармутахассисон низ иштирок дошта, дар маҷмуъ ба мақомоти ҳифзи муҳити зист панҷ савол, аз он ҷумла дар бораи ҷаримабандӣ ва пешниҳоди зарар ба корхонаҳои саноатӣ, ҳайвоноти нодири вилоят, буриши дарахтони ҳамешасабз, назорат аз болои ниҳолҳои шинонидашуда, намуди ниҳолҳои ба маҳал мутобиқ ва оид ба утилизатсияи батареяҳои корношоямшудаи электромобилҳо дар оянда, дода шуд. Ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.