Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 582

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 20 рӯзи ободонӣ,  бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз он ҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Шаҳристон, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт аксияи "Тозагии маҳал ва шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия  4319 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, сокинони маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 66 м3-ро ташкил дод.