Қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 2110

  Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” шаҳри Хуҷанд қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шудааст. Шумораи ин қуттиҳо 3 адад буда шакли қуттии пластикӣ ё худ баклашкаро доро мебошад. Иқдоми ташкили чунин қуттиро Турсунбой Ғафуров ҷавони 17 сола пешниҳод ва амалӣ намудааст. Андозаи ҳар яке аз қуттиҳо 2 метрро ташкил дода, онро бо ранги зард ва сурх оро доданд, то ин ки аз дигар рангҳои атроф фарқ кунад. Инчунин дар поёнаш дарича низ дорад, ки дар вақти пур шуданаш онро кушода тоза кардан мумкин аст. Ғафуров Т. хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 15-уми шаҳри Хуҷанд мебошад. Давоми 4 сол инҷониб ӯ дар ташкилоти ҷамъиятии Таҷрапт низ таҳсил мекунад. Гузоштани чунин қуттиҳо яке аз лоиҳаҳои иҷтимоии Ғафуров Т. мебошад, ки ташкилоти мазкур маблағгузорӣ намудааст.

  Ҳар қуттӣ бо харҷи 2 ҳазор сомонӣ омода шудааст, ки дар маҷмӯъ 6 ҳазор сомониро ташкил дод. Муаммоҳои экологӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ғафуров Т. буда, ӯ тасмим гирифт, ки бо ташкили чунин қуттиҳо дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми худро гузорад.