Конференцияи илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии об дар ноҳияи Масчоҳ

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 2397

   Бахшида ба Рӯзи байналмилалии об, дар доираи нақша чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Масчоҳ» конференцияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Олудашавии умумии об ва роҳҳои тозакунии он» баргузор гардид. Дар кори конференция устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, намояндагони КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ходимони илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ иштирок доштанд.

 Рафти конференция оид ба масъалаҳои идоракунии об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, идоракунии партовҳои маишӣ ва истифодаи онҳо барои рушди устувор, тоза намудани об аз руҳ ва марги муш (мишяк) бо роҳи лахташавӣ, ташхиси муқоисавии қобилияти сульфати алюминий ва хлориди алюминий ҳангоми тоза намудани обҳо аз кон (шахта), менеҷменти экологӣ рушди идоракунии ҳифзи муҳити зист ва дигар мавзуъҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии он баромадҳо шунида шуданд.