Тозакунии дарёи Сир аз қамиш

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 79

  Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва санитарии муҳити зист, ободонӣ ва зебо гардонидани мавзеъҳои соҳили дарёи Сир, таъмини шароити мусоиди истироҳат ва фароҳам овардани муҳити солими зист, корҳои ободониву созандагӣ ва тозакунии соҳили дарёи Сир вусъат дода шуданд. Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Идораи хоҷагии об ва беҳдошти замини вилоят корҳои тозакунии соҳили дарёи Сир аз қамишзор, растаниҳои худрӯй ва алафҳои бегона ба роҳ монда шуданд. Дар доираи корҳои анҷомдодашуда қитъаҳои соҳили дарёи Сир,  оғоз аз Маркази бемориҳои дил то тарабхонаи «Темурмалик» ва инчунин соҳили рост аз тарабхонаи «Парламент» то купруки  куҳна  аз қамишзор ва растаниҳои худрӯй тоза карда шуда истодааст. Дар рафти корҳои тозакунӣ аз техника ва дастгоҳҳои махсус истифода гардида, қамишҳои зич ва растаниҳои зиёдатӣ бурида ва аз ҳудуди соҳил бароварда  мешаванд. Татбиқи чунин тадбирҳо барои беҳтар гардидани ҳолати экологии соҳили дарёи Сир, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, нигоҳдории захираҳои обӣ, инчунин барои ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва пешгирии пайдоиши ҷойҳои ғайриқонунии партофтани партовҳо мусоидат менамояд.

  Бо мақсади нигоҳ доштани натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда, минбаъд низ гузаронидани корҳои мунтазами тозакунӣ, назорати ҳолати санитарии соҳил, пешгирии партовпартоӣ ва афзоиши дубораи қамишзор зарур мебошад. Ҳамчунин, ҷалби аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ҳифзи муҳити зист метавонад дар нигоҳдории тозагӣ ва ободии соҳили дарёи Сир саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, аз сокинони шаҳр ва шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ба тозагии соҳили дарёи Сир муносибати масъулиятнок дошта бошанд, партовҳоро дар ҷойҳои муайяншуда партоянд, ба ифлос намудани обу соҳили дарё роҳ надиҳанд ва дар корҳои ободониву ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намоянд. Корҳои тозакунӣ ва ободонии соҳили дарёи Сир минбаъд низ идома дода шуда, барои нигоҳдории муҳити зисти солим, беҳтар намудани симои экологӣ ва эстетикии шаҳри Хуҷанд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.