Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Панҷакент

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 15

   Амалиёти экологии “Ҳавои тоза” тибқи нақшаи мақомоти ҳифзи муҳити зист  дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент дар деҳаи Нуристон ҷамоати Чинор  шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр ирсол гардид.