Нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 61

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 9 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар соли 2025 доир гардид. Аз тарафи сохторҳо бевосита роҳбарон – сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Қосимзода А., раиси Кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Т., сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҷӯраев А. иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета»,  «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Сухани халқ», «Шӯълаи умед», «Шафақ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кишоварзӣ», «Роҳнамои кишвар», «Муҳаббат ва оила», «Кайҳон», «Бонувони Тоҷикистон», «Сайҳун», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия плюс», «Спутник», «Суғд - пресса» телевизионҳои МД ТВ «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Синамо», телевизиони вилояти Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», радиоҳои «Тоҷикистон», «Замон», «Пайванд», «Шаҳри ман», «Озодӣ», инчунин як ќатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос ва мустақил, дар маҷмуъ 42 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба ҳамаи рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти чор сохтори болозикр дар соли 2025 дастрас гардид.

  Рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят вобаста ба ҷой доштани се мушкилиҳои асосии экологӣ дар соли сипарӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, назорати ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва фоизнокии сабзиш, тартиби гирифтани иҷозат барои буриши дарахти назди хонаҳои истиқоматии баландошёна аз ҷониби шаҳрвандон, шумораи дарахтони куҳансол дар миқёси вилоят ва дохил шудани онҳо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ҳолат ва сабабҳои вайроншавии ҳавои атмосфера, ҷой доштани бӯи ғализ дар минтақаи шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров аз иншооти партовобтазакунии шаҳри Бӯстон, ифлоскунандагони асосии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Тибқи нақшаи пешбинигардида, дар интиҳои нишасти матбуотӣ фаъолони икдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист - одоби инсонист», ки аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят моҳи октябри соли 2025 эълон шуда буд, қадршиносӣ гардиданд. Маврид ба қайд аст, ки дар муддати се моҳи аҳири соли 2025 тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм 16 нафар шаҳрвандон аз шаҳри Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва Бӯстон оид ба ҳолати вайронкунии талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа, асосан дар самти бетартиб ҷойгир намудани партовҳои бесоҳиб дар миқёси шаҳр,  вайроншавии ҳавои атмосфера аз чангу ғубор ва буриши ғайрирасмии дарахтон муроҷиат намуда, таҳти назорати шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо сари вақт дар ҷояш бартараф карда шуданд. Ба се нафар фаъолони иқдоми мазкур - хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» Фарзона Муродӣ, рузноманигори телевизиони «7-Ситора» Уғулой Раҷабова ва шаҳрванди шаҳри Хуҷанд Рухсора Маллаева туҳфа ва сипосномаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд супорида шуд. Ҳамзамон, сардори сарраёсат Холзода С.Х. таъкид кард, ки икдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист - одоби инсонист» бо мақсади иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар беҳдошти муҳити зист, пешгирии қонунвайронкунӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ, бе иҷозат буридани дарахтон ва дигар ҳолатҳои вайронкунии талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ташкил гардида идома дорад ва ҳамаи онҳое, ки дар беҳбудии муҳити зист бетараф нестанд, метавонанд дар он иштирок намоянд.