Дар як қатор муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дарсҳои экологӣ оғоз гардид

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 49

  Иқдоми мазкур аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» пешбинӣ ва амалӣ гардида, ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба табиат дар ҷомеаро дошт. Дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати маорифи вилоят дар 5 муассисаҳои томактабии  шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон, ки дар доираи лоиҳа ҳамчун пилотӣ интихоб гардидаанд, машғулиятҳои нави экологӣ ба таври озмоишӣ роҳандозӣ карда шуд. Барои гузаронидани дарсҳои экологии мазкур дар ҳамкорӣ бо методистон ва мутахассисони Раёсати маорифи вилоят махсусан як дастурамал - «Роҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» давоми соли 2025 таҳия гардид, ки минбаъд ҷиҳати шавқовар, дастрас ва бо тарзи муосир ташкил намудани машғулиятҳо ба мураббиёни кӯдакистонҳо кӯмак мерасонад.

 Дарсҳои экологӣ ба кӯдакон имкон фароҳам меорад, ки муҳити зист ва ҳифзи онро тавассути бозӣ, расмкашӣ, муҳокима ва фаъолияти эҷодӣ омӯзанд. Дар «роҳнамо»-и омодагардида, мавзуъҳои машғулият аз шиносоӣ бо олами наботот ва ҳайвонот, об ва ҳаво, то фаслҳо ва унсурҳои табиати зиндаву ғайризинда фаро гирифта шудаанд. Мақсади асосии амалҳои болозикр дар он мебошад, ки кӯдакон аз овони хурдӣ масъалаҳои зеринро омӯзанд: - дӯст доштани табиат; - эҳтиром ва масъулият нисбат ба муҳити атроф; - истифодаи дурусти захираҳои об ва дигар захираҳои табиӣ; - нигоҳдории тозагӣ ва зебогии муҳити зист. Насли наврас то гузариш аз муассисаи томактабӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳаҷми муайяни дониши экологии ба сину сол мувофиқро дошта бошад. Ҳангоми расидан ба ин ҳадаф, минбаъд сатҳи маърифати экологии аҳолӣ метавонад ба маротиб боло равад. Фаъолияти хирадмандонаи инсон мебояд дорои қобилияти маҳдудкунии хоҳишҳои худпарастӣ, дар афкори худ такя намудан ба манбаи дониш бошад ва аз кирдору рафторҳои ҳиссиёт худдорӣ намояд. Аз ин лиҳоз, наслҳои ояндаи инсоният бояд аз ҷиҳати экологӣ маърифатнок бошад.