Мизи мудаввар оид ба Конвенсияи Орхус

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 68

  Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мизи мудаввар доир ба мавзӯъи «Татбиқи ҳадафи сеюми Конвенсияи Орхус – дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Мизи мудаввари мазкур дар натиҷаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо ТҶ«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мусоидати шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба амал омада, дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои вилоятию шаҳрии мақомоти суд ва прокуратура, Раёсати адлия, шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҳифзи ҳуқуқиинсон машғул, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Воқеан,Конвенсияи Орхус 25 июни соли 1998 дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷӣ «Муҳити зист барои Аврупо» дар шаҳри Орхуси кишвари Дания қабул гардида, дар умум оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист бахшида шудааст.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2001, № 594 ба Конвенсияи Орхус ҳамроҳ шуда, дар айни замонҳамчун воситаимуҳимипешбурдиКонвенсиядаркишвар, бомақсадитатбиқион ва таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 5 Марказҳои Орхус дар амал мебошанд.Дар заминаи ташкилоти ҷамъиятӣ, соли 2005 Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ҳамчун платформаи ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, инчунин сарчашмаи иттилооти экологӣ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор хизмат мекунад.Зиёда аз 20 соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, Конвенсияи Орхусро, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро нисбат ба муҳити зист эътироф мекунад, қадами муҳиме ба пеш дар соҳаи ҳифзи муҳити зист меҳисобад.Бинобар он, ҳамасола дар миқёси вилоят чорабиниҳои зиёде, ки асосан ба ду ҳадафи аввали Конвенсияи Орхус – оид ба дастрасӣ ба иттилоот ва иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо алоқамандӣ доранд, ташкил ва гузаронида мешаванд. Аммо, нисбати ҳадафи сеюм - дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист ягон маълумот ба назар намерасад. Бо ҳамин мақсад мизи мудаввар бо иштироки намояндагони сохторҳои мақомоти қудратӣ ташкил гардида, дар баробари баромаду презентатсия ва муҳокимаи онҳо, барои вусъати фаъолияти минбаъда доир ба мавзӯъ таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон шунида шуд.