7 августи соли 2025 дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлисгоҳи нав бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ ифтитоҳ гардид. Сохтмони маљлисгоњ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, он дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо усули замонавӣ сохта муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи соҳавӣ баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳафтмоҳа баррасӣ карда шуд. Сардори раёсати мониторинг, обуҳавошиносӣ ва кадастр Ибодуллои Маҳмадулло бо маърӯзаи муфассали таҳлилӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳафт моҳи соли равон баромад намуд. Сипас, аз тарафи раиси Кумита аз сардорони зерсохторҳои минтақавӣ, вилояти Суѓду Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ва сардорони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурсиш ба амал оварда шуд. Раиси Кумита ба масъулин оид ба бартарафсозии камбудиҳо, иҷрои саривақтии нақшаҳо, риояи талаботи хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.