Натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2025

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 43

  Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., роҳбарияти сарраёсат, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сармутахассисон ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботиву таҳлилӣ бо сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо оид ба фаъолияти мақомот дар нимсолаи якум музокира намуда, фаъолияти мақомотро дар умум қаноатбахш арзёбӣ намуд, ҳамзамон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда  дастуру супоришҳодод.

 Дар навбати худ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, ҳамҷоя бо сохторҳои масъул назорати иҷрои босифати Барномаҳои давлативу соҳавӣ, ба роҳ мондани таҳлили ҳолати воқеии вазъи экологии шаҳру ноҳияҳо, ситонидани маблағи ҷаримаву зарарҳои пешниҳодшуда, баргузории аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии шоҳроҳ”, “Тозагии соҳил” ва  амалиёти “Ҳавои тоза” бо ҷалбибештари аҳолӣ ва инъикоси он дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ  ва дигар аснодҳои  назоратӣ супоришҳо дод.