Шаҳристон - гӯшаи биҳиштосои табиати Тоҷикистонро аз партовҳо эмин нигоҳ дорем!

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 52

  Минтақаи Шаҳристон бо табиати нотакрору дилфиреб, чашмасорони мусаффо ва кӯҳсорони сабзу пур аз гиёҳҳои шифобахш ҳамеша диққати дӯстдорони табиат ва истироҳаткунандагонро ҷалб менамояд. Хусусан, мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар фасли баҳору тобистон ба як макони серодами истироҳат табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, баъзан мушоҳида мешавад, ки сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад. Ба ҳамин хотир, кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо телевизиони «7 Ситора» масъалаи ифлосшавии минтақаи истироҳатии Хуррамдарраи ноҳияи Шаҳристонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Ин иқдом дар пайи нашри маводи танқидии сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ бо партовҳои  гуногун  ба қайд гирифта шуд. Гузашта аз ин, муайян гардид, ки дар баъзе мавридҳо партовҳо ғайрирасмӣ ба чуқуриҳо партофта шудаанд.

 Ба хотири бартарафсозии ин беэҳтиромӣ нисбат ба табиат, нисбат ба масъули назоратии минтақа протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба гурӯҳе аз истироҳаткунандагон огоҳинома пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, бо иштироки кормандони Муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ва сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд. Дар рафти ин чорабиниҳо оид ба зарурати ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, эҳтиёткорӣ нисбат ба дарахтон ва буттаҳо, инчунин пешгирии ифлосшавии муҳити зист таъкидҳои зиёд сурат гирифтанд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳамаи шаҳрвандон, хусусан ба онҳое, ки бо муҳити табиӣ сару кор доранд, муроҷиат менамояд: тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист қарзи ҳар як шахси ватандӯст ва бофарҳанг аст. Зеро танҳо бо нигоҳубини табиати софу зебо мо метавонем солимии ҷомеаро таъмин намуда, онро ба наслҳои оянда ободу ороста ба мерос гузорем. Имрӯз тарғиби маърифати экологии аҳолӣ ва роҳандозии маданияти муносибат бо табиат бояд вазифаи муҳими ҳар як муассисаи иҷтимоӣ, тарбиявӣ ва ҳатто ҳар як шахси алоҳида бошад. Чӣ тавре ки табиат моро мепарварад — мо низ ӯро бояд эҳтиёт кунем. Ҳар як порчаи замини сабз, ҳар як қатра об, ҳар як буттаву гулу дарахт — амонати наслҳои гузашта ва кафолати зиндагии наслҳои фардо аст. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, ёдрас менамояд, ки агар ҳар яки мо ҳатто як қадар партовро ба ҷои муайяншуда, яъне партовгоҳ партоем, як шохи дарахтро ҳифз кунем, як кӯдаки дигарро ба дӯст доштану ҳифзи табиат ташвиқ кунем — замини мо тоза мемонад, фазои мо софтар мегардад ва ҳаёти ҷомеа солиму шоиста хоҳад буд.