Чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Истиқлол

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1702

  Давоми се соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров корбарӣ менамояд. Дар ин давра раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии мазкур ташкил гардида, ҳар сол як қатор чорабиниҳои гуногуни экологӣ бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон гузаронида мешавад.

 Бахшида ба маъракаи кабудизоркунии дар миқёси вилоят муташаккилона баргузор шудаистода, дар ҳудуди ҳамаи ин 10 адад мактабҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ташкилоти ҷамъиятӣ, омўзгорон ва хонандагон, аъзоёни раванди «Нозирони сабз», дар маҷмуъ 300 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар дар давоми 2 рӯз шинонида шуд. Боиси қайд аст, ки дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар бораи тарзу қоидаи шинонидани ниҳолҳо ва нигоҳубини минбаъдаи онҳо фаҳмонида дода шуд. Барои инъикос ёфтани чорабинии ниҳолшинонии мазкур намояндаи телевизиони вилояти Суғд ҷалб гардид.